Ссылки доступа

Кохи сафед: Трамп бо Назарбоев мулоқот мекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп 16 январ дар Кохи сафед бо ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоев дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Кохи сафед 9 январ хабар дод, ки раҳбарони ду кишвар роҳҳои тақвият ва густариши шарикии стратегӣ дар робита ба амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ мекунанд.

Сафири Қазоқистон дар СММ Кайрат Умаров 1 январ раҳбарии Шӯрои амниятро ба зимма гирифта, аллакай таҳти раёсати ӯ то кунун эътирозҳои Эрон ва масъалаҳои дигар баррасӣ шудаанд. Кохи сафед афзуда, ки дар суҳбати Трамп бо Назарбоев як қатор масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ҳам баррасӣ мешавад. Интизор меравад, масоили мазкур то охири моҳ дар Шӯрои амният низ ба миён гузошта шаванд.

Назарбоев 9 январ дар шаҳри Остона бо сафири ИМА дар Қазоқистон Ҷорҷ Крол мулоқот кард. Ба огаҳии дастгоҳи президенти Қазоқистон, Назарбоев дар суҳбат бо сафири Амрико гуфт, умедвор аст, ҳамкориҳои Остонаву Вашингтон дар бахши мубориза бо терроризм, тиҷорат, сармоягузорӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

"Дар Қазоқистон бо иштироки ИМА ҳудуди 500 ширкат фаъолият доранд, ки беш аз 140 тоашон муштараканд. Ин ширкатҳо бо истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба кишварҳои дигар машғуланд", - афзудааст Назарбоев.

XS
SM
MD
LG