Ссылки доступа

Вашингтон: қарор шуд, майдони назди сафорати Русия номи Немтсовро бигирад


Борис Немцов

Шӯрои шаҳрии Вашингтон раъй дод, ки лоиҳаи қонун дар бораи майдони Немтсов дар назди сафорати Русия дар пойтахти ИМА ба таври фаврӣ қабул шавад. Дар ин бора Владимир Кара-Мурзаи хурдӣ, раиси Бунёди Борис Немтсов хабар медиҳад.

Охири моҳи декабр хабар расид, ки кумитаҳои марбутаи шӯрои шаҳрии Вашингтон қонун дар бораи ба номи Немтсов гузоштани қисме аз кӯчаи рӯ ба рӯи сафорати Русияро қабул кардаанд. Борис Немтсов мухолифи рус буд, ки дар соли 2015 дар шаҳри Москва кушта шуд.

Барои қувваи қонунӣ пайдо кардан лоиҳаи қонун бояд аз сӯи раиси шаҳри Вашингтон қабул ва имзо шавад.

XS
SM
MD
LG