"Дар мулоқот масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба рафъи маҳдудиятҳои тиҷорӣ, соддагардонии низоми равуои шаҳрвандон, коҳиши тарифҳои ҳамлу нақли мол, барқарории роҳҳои оҳан, поксозии минтақаҳои минагузоришудаи марзӣ, ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии мавҷуда ва ҳалли масоили дигари вобаста ба марз баррасӣ шуданд", - гуфт сухангӯи президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода 10 январ.
Ба гуфтаи Шарифзода, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гашт.
Бино ба хабарҳо, сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аввали баҳори имсол сурат хоҳад гирифт. Пештар Мирзиёев дар мулоқот бо вакилони вилояти Тошканд гуфта буд, аз ин ба баъд кишвараш ва Тоҷикистон мисли ду ҳамсояи хуб зиндагӣ хоҳанд кард, зеро “ҳеҷ ҳамсояи бадро” баъди марг касе намебахшад.
"Мо як қатор созишномаҳои марбут ба ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан ва энергетикаро имзо карда, масъалаҳои зиёдеро баррасӣ хоҳем кард", - афзуд Мирзиёев.