Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон мехоҳанд, вакилони порлумон ҷомаву ҷелак пӯшанд


Дотсенти Донишгоҳи миллӣ ва муовини раиси Маркази технологияҳои инноватсионии Ӯзбекистон Миряъқуб Ҳайдаров пешниҳод кардааст, ки дар асоси анъанаҳои миллӣ барои вакилони порлумони ин кишвар қоидаи либоспӯшӣ таҳия ва ҷорӣ карда шавад.

Ҳайдаров мегӯяд, вакилони порлумони Ӯзбекистон бояд либосҳои аврупоӣ напӯшанд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони мардумии ӯзбек бояд бо либосӣ миллӣ ба кор раванд. Барои намуна дар тобистон ҷелак ва дар зимистон ҷома пӯшанд.

"Либоси аъзои маҷлиси намояндагон бояд миллӣ бошад ва либоси аъзои палатаи болоиро бояд маҷлисҳои вилоятӣ муайян кунанд. Онҳо либоси миллии минтақаеро бипӯшанд, ки онро намояндагӣ мекунанд. Барои намуна, либоси мардуми Фарғона аз сокинони Сурхандарё ё Хоразм фарқ мекунад", - навиштааст Ҳайдаров дар матлаби худ, ки 8 январ дар сомонаи Podrobno.uz. нашр шуд.

Ба гуфтаи вай, ӯзбекҳо бояд ба анъанаҳои миллии худ баргарданд ва ин корро нахуст бояд вакилони порлумон оғоз кунанд.

"Агар бо қабули қонуне барои тамоми вакилон либоси миллӣ ҷорӣ мекарданд, симои порлумон тамоман дигар мегашт. Барои намуна агар либоси тобистона ҷелак ва зимистона ҷома муайян мешуд, он на танҳо ба тағйири тарзи тафаккури вакилон, балки ба дарки тарзи либоси тамоми қишрҳои сокинон ҳам мусоидат мекард", - афзудааст Ҳайдаров.

XS
SM
MD
LG