Ссылки доступа

Қуръапартоӣ - усули нави ҷалби ҷавонон ба артиш


Дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара барои ҷалби ҷавонон ба артиш дар тақрибан 2 мавсими ахири даъват, аз чанд усули ғайриоддӣ кор гирифтаанд. Дар бархе аз маҳалаҳои ҷамоати чоркӯҳи Исфара ба гуфтаи сокинон тирамоҳи имсол чанд ҷавон аз роҳи қуръапартоӣ, ба хизмат фиристода шуд.

Ин шеваи ҷалби ҷавонон ҳам ба хотири аз байн бурдани баҳсу нигарониҳо атрофи нобаробариҳо байни қишри дорову нодор зимни интихоби наваскарон роҳандозӣ шудааст. Истифода аз усули қуръапартоӣ дар интихоби наваскарон ҳам ба гуфтаи як масъули ҷамоати Чоркӯҳ, бо пешниҳоди кумитаи маҳаллаҳо ва сокинон аз ҷумла дар маҳаллаи Хелейсон ва Лангар сурат гирифтааст. Ин масъул гуфт, “номи даъватшавандаҳо дар варақаҳо навишта мешавад. Бачаҳои яккаписарро аз ин рӯйхат берун меоранд ва ҳамин тавр лоторея мекунанд. Як писари хурдсол омада, як-як коғазро берун меорад. Агар 4 ё 3 тои аввал номи касе баромад, ӯ бояд ба хизмат равад.”

Ҷамоати Чоркӯҳ, яке аз калонтарин ҷамоатҳои Исфара ҳудудан 40 ҳазор аҳолӣ ва 29 маҳалла дорад. Дар ҳамин ҷамоат беш аз 2000 ҷавони синни даъватӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи нақшаи даъват ба хизмат ҳар мавсим бояд 30 ҷавон ба артиш сафарбар шавад. Вақте нақшаи даъват бо ҷавононе, ки довталабона ба хизмат мераванд, пур нашуд, ба ҳар маҳалла супориш дода мешавад, ки як теъдоди муайяни ҷавонони синни даъватро ба хизмат ҷалб кунанд.

Содиқҷон - як сокини кӯҳансол дар маҳаллаи Лангари ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, “агар масалан, нақшаи ҷамоат 30 то ва камтар аз меъёри муайяншуда бошад, маҷлис мешавад ва инро ба 29 маҳал тақсим мекунанд. Ба ҳар маҳалла вобаста ба шумори аҳолиаш супориш мешавад, ки аз 1 то 4 сарбозро ҷалб кунанд. Баъд номи ҳамаи ҷавонони синни даъватиро дар ҳар маҳалла алоҳида дар варақаҳо менависанд.”

Мустафо ва бархе аз дигар сокинони маҳаллаҳои Чоркӯҳ агарчӣ медонанд, ки истифода аз усули қуръапартоӣ дар ҷалби даъватшавандаҳо қонунӣ нест. Аммо мегӯяд аз истифодаи ин усул розиянд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки ба шаффоф будани ин шеваи интихоби наваскарон бовар надоранд ва мегӯянд, боз ҳам дар аксар ҳолат зимни қуръапартоӣ бештар номи ҷавонон аз оилаҳои камбизоат меафтад.

Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

XS
SM
MD
LG