Дар асоси гузориши коршиноси умури пажуҳиши суқути ҳавопаймоҳо Фрэнк Тейлор комисия ба чунин хулоса омадааст, ки қаноти чапи ҳавопаймо аз таркиши дохилӣ тахриб шудааст ва дарахте, ки ҳавопаймо ҳангоми суқут ба он бархӯрд, сабаби асосии ҳодиса набудааст.
Лаҳистон пештар ҳам гуфта буд, ки сабаби суқути Ту-154М таркиш аст, аммо Кумитаи тафтишотии Русия онро беасос унвон карда буд.
10 апрели соли 2010 дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар наздикии Смоленск 96 одам кушта шуд. Миёни онҳо президенти вақти Лаҳистон Лех Качинский низ буд. Пажуҳиши ҳодиса то кунун идома дорад. Комисияи пажуҳишии Лаҳистон мегӯяд, ҳавопаймо минкорӣ шуда буд. Мақомоти Русия сабаби суқутро иштибоҳи халабон унвон карданд.