Ссылки доступа

ИМА аз Эрон хост, ҳамаи зиндониҳои сиёсиро озод кунад


Кохи сафеди ИМА аз мақомоти Эрон талаб кард, ки иштирокчиёни боздоштшудаи эътирозҳои чанд рӯзи пешро озод кунанд. Дар изҳороти ҳукумати Доналд Трамп омадааст, ки Вашингтон аз хабари боздошт, шиканҷа ва куштори эътирозгарон амиқан нигарон аст.

Зимнан, ИМА даъват кард, ки ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ дар Эрон, аз ҷумла боздоштшудаҳои чанд рӯзи пеш озод шаванд.

Шумори дақиқи одамоне, ки дар робита ба ҳодисаҳои охири Эрон боздошт шуданд, расонаӣ нашудааст. Мақомот мегӯянд, чанд сад нафарро боздошт карданд ва аксари онҳо то кунун озод шудаанд. Аммо манобеи дигар аз боздошти бештар аз 1000 нафар иттилоъ медиҳанд. Дар задухӯрд бо пулис бештар аз 20 тан кушта шуд.

Эътирозҳои Эрон охири моҳи декабр шуруъ шуд ва тақрибан баъди як ҳафта хомӯш гашт.

Ҳукумати Доналд Трамп ҳафтаи ҷорӣ бояд тасмим бигирад, ки оё бархе аз таҳримҳои бекоршударо нисбати Эрон ҳифз мекунад, ё мораторияро сарфи назар карда, таҳримҳоро дубора ҷорӣ ва масъалаи созишнома дар мавриди барномаи ҳастаии Эронро зери суол мегузорад.

XS
SM
MD
LG