Ссылки доступа

Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархҳоро ба КДАМ шарҳ дод


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар пайи як дархости Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) сабабу омилҳои боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоиро дар бозорҳои кишвар муайян кардааст.

Масъулони хадамот 10 январ дар гузориши нави худ гуфтанд, ки ин дархостро КДАМ Тоҷикистон моҳи апрели соли 2017 карда буд.

Замоне ки номаи КДАМ ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ирсол шуд, аз рӯи арзёбиҳои Бонки миллӣ, арзиши сабзавот дар муқоиса бо моҳи апрели соли 2016 - 57 %, ғизои ошхонаҳо тахминан 18 %, шакар – 13 %, тухм – 12 % ва гӯшти гов – 8 % афзоиш ёфта буд. То охири соли 2017 ин нишондодҳо тағйир ёфт ва арзиши бархе анвои маҳсулот кам шуда, бархеи дигар боз ҳам баландтар шуд.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ 11 январ гуфтанд, тафтишоти онҳо ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти ғизоиро ошкор накард.

Як масъули ин ниҳод дар сӯҳбати телефонӣ ва ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, тағйирот дар нархи маҳсулоти ғизоӣ “як омили табиӣ” буд ва санҷиши онҳо ба ин хулоса омад, ки болоравии нархҳо мувофиқ ба таҳаввулот дар бозор сурат гирифтааст.

Болоравии нархи бархе аз маҳсулот, аз ҷумла картошка ба қатъ шудани воридоти ин навъи сабзавот аз Покистон рабт мегирад, ки бинобар ноамн шудани вазъият дар Афғонистон убуру мурури мошинҳои боркаш қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG