Ба гуфтаи Сагдиев, ин филмро ширкати давлатии "Ӯзбекфилм" дар якҷоягӣ бо Идораи мусулмонони Ӯзбекистон аз ҳисоби гранти давлатӣ ба навор хоҳанд гирифт.
Президент Шавкат Мирзиёев охирҳои соли гузашта дар суҳбат бо синамогарони Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки дар бораи мавзуъҳои исломӣ филм ба навор гирифта, дар масҷидҳо намоиш диҳанд.
"Барои чӣ мо дар бораи гузаштагони худ - имом Бухорӣ ва Тирмизӣ филм надорем? Ҳамчунин мешавад дар бораи имом Мотуридӣ низ филмеро ба навор гирифт. Вақте мо дар бораи тамаддуни исломӣ ҳарф мезанем, чиро намоиш медиҳем?! Шарҳи дурусти Ислом ин худ як тарбияи бузург аст. Ин филмҳоро мешавад дар масҷидҳо намоиш дод", - гуфта буд Мирзиёев.
"Президент ба мо ваъда дод, ки мушкили молӣ ва техникӣ пеш нахоҳад омад. Агар лозим шавад, мо беҳтарин техникаи Ҳолливудро хоҳем харид. Барои иштирок дар ин филм ситораҳои синамои ҷаҳон даъват хоҳанд шуд", - афзуд Сагдиев.