Ссылки доступа

Як моҳ бе виза – дар Ӯзбакистон


Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳалли масъалаи раводид ё виза ва қитъаҳои баҳсноки марзӣ, аз ҷумла нирӯгоҳи Фарҳод ба тавофуқ расидаанд.

Як манбаи хабаргузории "Азия-Плюс" дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ гуфтааст, ба зудӣ санад "Дар бораи равуои шаҳрвандон" имзо хоҳад шуд, ки бар асоси он сокинони ду кишвар ҳақ доранд бе виза як моҳ дар қаламрави якдигар бигарданд.

Ин тавофуқ дар пайи сафари нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон ҳосил шудааст. Орипов рӯзи 10-уми январ вориди Душанбе шуда, бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва дар ҷаласаи кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуд.

Манбаи "Азия-Плюс" гуфтааст, дар ин дидорҳо дар мавриди ҳаракати қаторҳои мусофирбару автобусҳо ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон низ тавофуқ ҳосил шудааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, "дар масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, қаламраве, ки дар он нирӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хидматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад."

XS
SM
MD
LG