Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон рӯзноманигори зиндониро ба наздиконаш нишон доданд


Модар, ҳамсар ва фарзандони рӯзноманигори боздоштшуда Бобомурод Абдуллоев 10 январ тавонистанд, бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд чанд дақиқа мулоқот кунанд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Сурат Икромов, дар ин мулоқот, ки 25 дақиқа идома ёфт, кормандони амният ҳам ҳузур доштаанд. Наздикони Абдуллоев мегӯянд, вазъи саломатии ӯ қаноатбахш буда, ҳеч шикояте дар ин бобат накардааст.

Вакили дифоъ афзуд, ки то ҳол парвандаи рӯзноманигор ба додситонӣ ирсол нашудааст ва кормандони амният ҳам ба наздикони ӯ нагуфтаанд, ки мурофиаҳо кай ва дар куҷо оғоз хоҳанд шуд.

Бобомурод Абдуллоеви 44-сола 27 сентябри соли 2017 дар Тошканд дастгир шуда, зиддаш бо банди "кӯшиши ғасби ҳукумат ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат" парванда боз шудааст.

Мақомоти ӯзбек мегӯянд, "Абдуллоев ба ҳайси як масъули "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" бо дастури раҳбари ҳаракат Муҳаммад Солеҳ аз соли 2011 дар Интернет матлабҳоеро нашр мекард, ки ба сарнагун кардани сохти конститутсионии ин кишвар равона шудаанд".

XS
SM
MD
LG