Ссылки доступа

Остона барои дидбонии шабакаҳо ҳудуди $5 млн ҷудо мекунад


Мақомоти Қазоқистон тасмим доранд, то охири соли равон низоми дидбонӣ ё мониторинги шабакаҳои иҷтимоиро ҷорӣ кунанд, ки ба пайгирии густардаи матлабҳо дар Интернет имкон медиҳад.

Ба огаҳии Вазорати иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон, барои сохтани низоми "Мониторинги фазои иттилоотии миллӣ ба таври худкор" аз буҷаи давлат ҳудуди 1,7 миллиард танга (ҳудуди 5 миллион доллар) ҷудо карда мешавад.

Бар пояи қонунгузории Қазоқистон, матолиби расонаҳоро ниҳодҳои дахлдор пайгирӣ хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир, дар ин кишвар фаъолияти садҳо расона, аз ҷумла сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии маҳаллӣ, ки аз сӯи ниҳодҳои дахлдор ба қайд гирифта шудаанд, зери назоратанд

Вазири иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон Даурен Абаев моҳи ноябри соли гузашта гуфт, ниҳоди зери раҳбарияш нақша дорад, то охири соли 2018 дидбонӣ ва пайгарди матлабҳоро дар Интернет ҷорӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин низом тамоми матолиби шабакаҳои иҷтимоиро фаро хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG