Ссылки доступа

Суханони Трамп дар бораи "кишварҳои фосид" баҳс барангехт


Суханони Доналд Трамп, президенти ИМА дар робита ба муҳоҷирони Ҳаитӣ ва қитъаи Африқо боиси баҳс дар миёни аъзои Конгресс шуд. Расонаҳо низ ин мавзуъро дар сархати хабарҳояшон ҷой доданд.

Дар мулоқоте, ки рӯзи панҷшанбе дар Кохи сафед бо қонунгузорон сурат гирифт ва масъалаи ислоҳоти сиёсати муҳоҷират баррасӣ шуд, президент суол дод: "Чаро мо бояд одамонеро аз кишварҳои касиф пазирем?"

Бархе аз вакилони демократ суханони президентро маҳкум ва онро нажодпарастона номиданд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз ҷумҳурихоҳон низ дар робита ба ин ҳарфҳои президент изҳори ноумедӣ кардаанд.

Мавзуи мулоқоти Трамп бо вакилон ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони ғайриқонунӣ буд, ки дар хӯрдсолӣ вориди Амрико шудаанд. Баъди он ки Трамп хабар ёфт миёни онҳо ҳаитиҳо низ ҳастанд, гуфт, оё имкон дорад, ки авф ба онҳо дахл накунад. "Онҳо ба мо чӣ лозиманд?" - пурсид президент.

Муовини сухангӯи Кохи сафед Раҷ Шах ин иттилоъро рад накард. Вай афзуд, ба фарқ аз сиёсатмадорони Вашингтон, ки дар ғами хориҷиҳо ҳастанд, Трамп манфиати амрикоиҳоро дар авлавият қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG