Ссылки доступа

Дар шимоли Қазоқистон маъракаҳои бодабдабаро манъ карданд

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ имом-хатибон тасмим гирифтанд, ки харҷҳои "беҳуда" ва оростани дастархонҳои бодабдабаро дар маросимҳои динӣ манъ кунанд. Ин тасмим 12 январ дар ҷаласаи имом-хатибон дар масҷиди "Қизилжар"-и Петропавловск гирифта шуд.

Ба гуфтаи имом-хатибон, ҳадафи иқдоми мазкур поён бахшидан ба исрофкориҳоест, ки мухолифи қонунҳои шариати Исломанд. Рӯҳониёни қазоқ мегӯянд, бо ин роҳ мехоҳанд, кори шахсонеро ҳам осон кунанд, ки наздикони худро аз даст додаанд.

Ҳамчунин додани ашёи гаронарзиш, аз ҷумла либос ва қолин низ ба шахсоне, ки дар маросими ба хоксупорӣ иштирок кардаанд, манъ шудааст. Назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи руҳониён ва имомони шаҳру вилоят ва навоҳӣ вогузор шудааст.

XS
SM
MD
LG