Ссылки доступа

Садамаи "Боинг" бо 168 мусофир дар Туркия


Ҳавопаймои мусофирбари "Боинг 737-800", ки аз шаҳри Анқара ба Трабзони Туркия парвоз мекард, ҳангоми ба замин нишастан дар фурудгоҳ ба садама дучор шуд. Ҳавопаймо аз масири худ берун шуда, чанд метр дуртар аз баҳр боз истод.

Дар дохили "Боинг 737-800"-и ширкати Pegasus Airlines 168 мусофир ва ҳайати экипаж ҳузур доштанд. Касе аз онҳо осеб надидааст. Дар ҳоли ҳозир, сабабҳои садама таҳқиқ мешавад.

Хабаргузории расмии Туркия гуфт, дар дохили ҳавопаймо воҳимае ба миён омадааст, ки ҳайати экипаж натавонистанд, онро бартараф кунанд.

XS
SM
MD
LG