Парванда ба додгоҳ фиристода шудааст. Нисбати роҳбари пешин ва чанд корманди ин ятимхона бо моддаи "Дуздӣ тавассути азхудкунӣ ё масрафи беҳуда" ва "Сӯистифода аз мақом ё вазифаи хизматӣ" парванда боз шудааст.
Мақомот ҳамчунин ҳодисаҳои хушунати ҷинсӣ ва ҷисмониро дар ятимхонаи мазкур таҳқиқ карданд. Аммо ин таҳқиқ дар нимароҳ қатъ шуд.
"Аз сӯи тарбиятгирандагони ятимхона дар робита ба хушунат шикоят нашудааст. Ба ҳамин хотир мо парвандаро қатъ кардем", - гуфт як манбаъ аз мақомоти қудратии Фарғона.
Пештар аз ин мақомот бо тарбиятгирандагони ятимхона суҳбат карданд ва бархе аз духтарони наврасро ба ташхиси духтур фиристоданд. Мудир ва посбони ятимхона ҳабс шуданд. Ду муовини мудир, сармуҳосиб ва 10 омӯзгори ятимхона аз кор ихроҷ ва нисбаташон парванда кушода шуд.