Муовини сардори Раёсати муҳоҷират ва қайди шаҳрвандии ВКД Ӯзбекистон Улуғбек Тошхоҷаев 12 январ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, "барои пурра даст кашидан аз низоми қайди маҳалли зист бояд корҳои бузургеро анҷом дод".
Ба гуфтаи Тошхоҷаев, мушкили қайди маҳалли зистро рушди баробари иҷтимоиву иқтисодии тамоми шаҳру ноҳияҳо ҳал хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин тағйиротеро шарҳ дод, ки соли 2018 бар асоси барномаи давлатии "Соли соҳибкории фаъол, идеяҳои инноватсионӣ ва технологӣ" дар низоми шиносномавии Ӯзбекистон ҷорӣ хоҳад шуд.
Ин тарҳ қарор аст, маҳдудиятҳои марбут ба маҳалли зистро ҳангоми гирифтани шиноснома, таҳсил, ба кор даромадан ва иҷрои ҳуқуқҳои дигари конститутсионии шаҳрвандон аз байн бардорад. Ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки ба кори мавсимӣ ҷалб мешаванд, раванди қайди муваққати маҳалли зистро осон карда, талаботи бастани қарордод бо соҳибхонаҳоро бекор мекунад.
Бино ба гуфтаи ӯ, мақомоти ин кишвар тасмим доранд, тартиботи ҷориро ба далели он ки кори сокинонро душвор кардааст, осон кунанд.