Ссылки доступа

Қатли 18 марзшикану боздошти 152 тан ҳангоми фирор аз Тоҷикистон (видео)

Погранслужба: в 2017 году на границе с Афганистаном было ликвидировано 18 наркоконтрабандистов
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:15 0:00

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар марзи кишвар 18 қочоқбарро кушта ва 20 нафари дигарро дастгир кардаанд.

Ҳафтаи гузашта ҳангоми натиҷагирӣ аз кори марзбонони тоҷик дар соли 2017 гуфта шуд, ки соли гузашта дар марз бо Афғонистон 31 задӯхурди мусаллаҳона сурат гирифтааст.

Соли 2017 сарҳадбонони тоҷик беш аз 1700 кило маводи мухаддир, аз қабили ҳероину афюн ва тарёкро кашфу мусодира кардаанд, ки метавонист, “ҷони садҳо ҳазор нафарро дар хатар гузорад”.

Дар ин ҷаласа, ки Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳам ҳузур дошт, гуфтанд, “Дар натиҷаи амалиёти вижаи нерӯҳои сарҳадӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои дигари қудратӣ 25 мил яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тир, 9 дона норинҷаки дастӣ, 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира шудаанд”.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳ аст.

XS
SM
MD
LG