Ссылки доступа

Халабони зиндамондаи қазоқ чаҳор сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи низомии шаҳри Талдикоргани Қазоқистон ҳукми халабони ҳавопаймои низомии Су-27-ро содир кард, ки моҳи декабри соли гузашта дар суқути ҳавопаймо дар вилояти Алмато зинда монда буд.

Майор Одилбек Исҳоқов "дар вайрон кардани тартиби парвоз ва омодагӣ ба он" айбдор ва чаҳор сол зиндонӣ шуд.

Су-27 21 декабри соли 2016 дар 20-километрии фурудгоҳи Талдикорган суқут кард. Вазорати мудофиаи Қазоқистон он замон хабар дод, ки ҳавопаймо "ҳангоми иҷрои тамринҳо суқут" кард.

Исҳоқов гӯё парвози ҳавопайморо бе тафтиши захираи маводи сӯхт ташкил кардааст. "Ин рафтори майор Исҳоқов боис шуд, ки муҳаррикҳои чапу рост ба далели камбуди сӯзишворӣ аз кор монданд ва ҳавопаймо суқут кард", - хабар медиҳад додгоҳи низомӣ.

XS
SM
MD
LG