Ссылки доступа

Боздошти чанд мақомдори Туркманистон бо айби фасодкорӣ


Дар Туркманистон бо айби фасодкорӣ чанд мансабдори давлатӣ, аз ҷумла кормандони хадамоти амнияти миллӣ боздошт шуданд.

Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар вилояти Дашоғуз чанд афсари амниятро бо айби фасодкорӣ ва ҳамкорӣ бо фурӯшандагони маводи мухаддир боздошт кард.

Бархе аз манобеъ аз Туркманистон хабар медиҳанд, ки кормандони хадамоти амният ва пулис аз машрубфурӯшони ғайриқонунӣ, сигор ва маводи мухаддир ҳимоят мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари нозироти андози ноҳияи Копетдаги Ишқобод ва чанд корманди дигари ин ниҳод низ боздошт шудаанд.

Охири соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои амнияти давлатӣ президенти Туркманистон талаб кард, ки меъёрҳои мубориза бо фасодкорӣ дар дастгоҳи давлатӣ татбиқ шаванд. Ахиран чанд судя ва додситон аз мақом барканор ва бо айби фасодкорӣ зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG