Ссылки доступа

Гузориши ИМА-ро дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар Ӯзбекистон "иштибоҳӣ" номиданд


Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон гузориши Департаменти давлатии ИМА-ро, ки дар он Ӯзбекистонро шомили кишварҳои вайронкунандаи озодиҳои динии шаҳрвандон кардааст, иштибоҳӣ номиданд.

Пештар ИМА Ӯзбекистонро дар робита ба вайрон шудани озодии виҷдон ва маҳдудсозии озодиҳои динӣ шомили 10 кишвари "мавриди нигарониҳои хос" карда буд.

Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон мегӯяд, гузориши ИМА дар мавриди Ӯзбекистон бар пояи иттилои носаҳеҳ таҳия шуда, бо вазъи воқеӣ мухолиф аст.

"Мешавад зикр кард, афроде, ки ин гузоришҳо таҳия кардаанд, барои дарёфти иттилоъ ба 16 иттиҳоди динӣ, ки дар Ӯзбекистон фаъолият доранд, муроҷиат накардаанд. Ба вижа ба идораи маънавии мусалмонон, донишгоҳи исломии Тошканд ва маркази илмиву пажуҳишии назди маҷмааи имом Бухорӣ. Боиси таассуф аст, ки пажуҳишгарони амрикоӣ бо такя ба манобеи номаълум чунин хулоса баровардаанд", - мегӯяд Идораи маънавии мусалмонон.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта дар Ӯзбекистон дар бахши дин тағйироти ҷиддӣ падид омад. Ба вижа, дар кишвар Маркази тамаддуни исломӣ ва маркази байналхалқии пажуҳишии ба номи имом Бухорӣ ва имом Тирмизӣ таъсис шуд. Дар вилоятҳо панҷ мактаби илмӣ, ки ба омӯзиши илмҳои исломӣ машғул ҳастанд, кушода шуд. Дар саросари кишвар 15 масҷид бунёд ва 55 масҷиди дигар азнавсозӣ шуд.

XS
SM
MD
LG