Рӯзи душанбе дар як суханронӣ дар шаҳри Анқара Эрдуғон гуфт, Амрико артишеро мусаллаҳ месозад, ки ба амнияти Туркия хатар дорад. Вай таҳдид кард, ки ин гуруҳҳоро "дар лонаашон" нобуд хоҳад кард.
Ҳукумати Сурия ҳам нақшаи таъсиси гуруҳҳои мусаллаҳи курдро маҳкум кард. Сурия гуфт, гуруҳҳои мазкурро нобуд ва неруҳои амрикоиро, ки тақрибан 2 ҳазор низомиро ташкил медиҳанд, аз кишвар хоҳад ронд. Ҳампаймони Димишқ - Москва тасмими охири Амрикоро ҳамчун тақсимсозии Сурия ва барқарории назорати амрикоӣ дар қисме аз ҳудуди ин кишвар унвон кард.
Давоми тақрибан ҳафт соли ҷанги Сурия ИМА ва Туркия дар якҷоягӣ амал карда, ба нерӯҳои мухолифи президент Асад кумак расондаанд. Ихтилоф байни ин ду кишвар дар пайи он сар зад, ки Вашингтон аз созмони неруҳои демократии Сурия ҳимоят кард. Ин созмон асосан аз курдҳо таъсис ёфта ва минтақаҳои курднишини назди марзи Туркияву Ироқро ҳимоят мекунад.