Ба қавли Наҷмиддинов, дар соли 2017 Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 дарсад зиёд шудааст.
Вале раиси Оҷонси нафақа дар суханрониаш шарҳ надод, ки даромади аҳолии Тоҷикистон аз кадом ҳисоб бештар шудааст. Ӯ танҳо гуфт, "соли гузашта суръати рушди воқеии иқтисод ба 7 дарсад ва ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 60 миллиард сомонӣ баробар гашт".
Коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, зиёд шудани даромади аҳолӣ бештар ба афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон рабт дорад.Тибқи омори расмӣ, дар даҳ моҳи соли гузашта интиқоли пули муҳоҷирон ба ватан 18 дарсад афзоиш ёфтааст.
Пештар созмонҳои байналмилалӣ аз коҳиши даромади пулии аҳолӣ иттилоъ дода буданд. Аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ гуфт, ки 30 дарсади аҳолии кишвар зери хати фақр ба сар мебаранд.