Ссылки доступа

Раҳбарони ИА аз Бритониё хостанд, дар ҳайати иттиҳод бимонад


Раҳбарони шӯро ва комисияи Аврупо -- Доналд Туск ва Жан-Клод Юнкер ба Бритониё пешниҳод карданд, ки дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) бимонад.

Туск ҳангоми суханронӣ дар порлумони Аврупо гуфт, агар назари Лондон ба масоили ҷорӣ тағйир наёбад, бурунрафти он бо тамоми оқибатҳои манфияш ба як воқеият табдил хоҳад ёфт. "Қалби мо ҳанӯз ҳам ба монанди пешин барои Бритониё боз аст", - афзуд ӯ.

Юнкер аз мавқеи Туск ҷонибдорӣ карда, изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Бритониё гуфтаҳои ӯро хоҳанд шунид. "Дари мо ҳамоно боз аст", - изҳор дошт раиси комисияи Аврупо.

Гуфтугӯҳои бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо 19 июн дар шаҳри Брюссел оғоз шуда, то охирҳои соли 2018 идома хоҳанд ёфт. Сипас ба ҷонибҳо шаш моҳ вақт дода мешавад, то дар порлумонҳои миллии худ созишномаро ба тасвиб расонанд.

Сокинони Бритониё дар раъйпурсии соли 2016 бурунрафт аз ИА-ро ҷонибдорӣ карданд. Бритониё соли 1973 ба ҳайати ИА пайваста буд ва нахустин кишваре хоҳад шуд, ки онро тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG