Тайи 20 рӯзи маъракаи интихоботӣ ба "Сандуқи қонуншиканиҳо" 55 бор шикоят шудааст, ки дар телевизионҳои федеролӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ба ҷонибдории яке аз номзадҳо ба мақоми президентии Русия наворҳои таблиғотӣ ғайриқонунӣ намоиш дода мешавад.
Баъзе аз наворҳо хусусияти манфӣ дошта, зидди номзадҳои дигар равона шудаанд. Ҷамъан аз болои чор шабакаи федеролӣ -- ВГТРК "Шабакаи аввал", "Шабакаи панҷум", НТВ ва 42 телевизиони минтақавию маҳаллӣ шикоят кардаанд. Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон, намоиши ин гуна наворҳоро нахуст шабакаҳои федеролӣ оғоз карда, телевизионҳои маҳаллӣ аз онҳо пайравӣ намудаанд.
"Дар бештари наворҳо на дар бораи фаъолияти касбӣ ва иҷрои масъулиятҳои хидматии Владимир Путин ҳамчун президенти Русия, балки ташкили ситодҳои интихоботӣ ва ҷамъоварии имзо ба ҷонибдории ӯ гуфта мешавад", - омадааст дар изҳороти созмон.
Қонун "Дар бораи интихоботи Русия" таблиғотро ба воситаи телевизион, радио, нашрияҳо ва расонаҳои интернетӣ ба номзадҳо замоне иҷозат медиҳад, ки то санаи баргузории интихобот 28 рӯз монда бошад.
Интихоботи президентии Русия 18 марти соли равон баргузор мешавад.