Ссылки доступа

"Алло, ман аз Кундуз". ​​​Зангҳои нороҳаткунанда аз он сӯи Омӯ


Симкортҳои тоҷикиро дар навоҳии наздимарзӣ бо Афғонистон бархе ҷавонони ин кишвар бо ҳадафи пайдо кардани ҳамсар ё дӯстдухтар дар Тоҷикистон истифода мекунанд. Зоҳиран, гоҳе ба ҳадафи худ мерасанд, вале то расидан ба он бархе муштариёни телефонҳои мобилиро дар Тоҷикистон асабонӣ ва нороҳат мекунанд.

Амонулло Ҳусайнии 35-сола, сокини ноҳияи Имомсоҳиби вилояти Кундуз ду соли пеш тариқи истифодаи симкорти тоҷикӣ бо ҳамсари ояндаи худ ошно шуд. Дар Имомсоҳиб, ки наздик ба марзи Тоҷикистон аст, мавҷи ширкатҳои мобилии бархе ширкатҳои Тоҷикистон пахш мешавад ва гоҳо ин симкортҳо аз ҷониби сокинони кишвари ҳамсоя ҳам истифода мешаванд. Ҳусайнӣ рӯзе пас аз тавакаллан занг заданаш ба даҳҳо рақами мобилӣ, ҳамсари ояндаи худро аз Тоҷикистон пайдо кард. Ҳамсари ӯ низ 35 сол дорад ва сокини ноҳияи Фархори Тоҷикистон аст.

"Аввал ҳамсарам фикр кард, ки аз Тоҷикистон занг мезанам ва бо ӯ шухӣ мекунам. Баъдан, тариқи “Viber” сӯҳбат кардем. Хонаводаҳоямон шинос шуданд ва мо пас аз чанд моҳ издивоҷамонро расмӣ кардем", - гуфт ӯ.

Амонулло мегӯяд, издивоҷ дар Афғонистон хеле гарон аст. “Ин ҷо 10-15 ҳазор доллар сарф мекунӣ, вале ман бо панҷ ҳазор доллар дар деҳа барои ҳамсарам хона харидам ва издивоҷамонро расмӣ кардем”, - меафзояд вай.

Тибқи иттилои расмӣ соли 2016 мисли Амонулло беш аз 30 шаҳрванди Афғонистон бо шаҳрвандони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд, ки аксарашон сокинони навоҳии наздимарзӣ буда, тахминан даҳ нафарашон тариқи телефонҳои мобилӣ шинос шудаанд. Бархе сокинони Тоҷикистон мегӯянд, гоҳҳо зангҳои ҷавонони афғон ба телефонҳои мобилиашон онҳоро асабӣ мекунад.

​Некмаҳмад Назарӣ, сухангӯи волии вилояти Бадахшони Афғонистон гуфт, воқеан сокинони шаш улусволии ин вилоят аз хидматрасонии ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода мекунанд.

Ӯ гуфт: “Дар сатҳи расмӣ ин мавзуъ низ матраҳ ҳаст ва ҳоло ҳукумат барномаеро рӯи даст гирифтааст, ки дар ин минтақаҳо антеннаҳои ширкатҳои мухобиротии Афғонистонро насб кунанд. Аз тарафи дигар мо дар истифодаи симкортҳои тоҷикӣ ҳеҷ ҷойи бадӣ намебинем, ба ҷуз ин ки пули мардуми Афғонистон ба буҷаи Тоҷикистон ворид мешавад. Ҳоло корҳо шурӯъ шудаанд ва фикр мекунам, ки ин мушкил дар минтақаҳои марзӣ ҳал мешаванд”.

XS
SM
MD
LG