Ссылки доступа

Би-Би-Сӣ "Киргизия"-ро ба "Қирғизистон" иваз кард


Бахши русии ширкати расонаии Би-Би-Сӣ (BBC) исми бархе аз кишварҳои пешини шӯравиро дар матлабҳояш иваз мекунад. Ба ин тартиб, Белоруссия Белорус, Киргизия Қирғизистон, Туркмения - Туркманистон, Молдавия - Молдова хоҳад шуд, хабар медиҳад муҳаррири бахши русӣ Фамил Исмаилов.

Вай мегӯяд, атрофи ин мавзуъ аз дер боз баҳс идома дошт. Баъди пошхӯрии шӯравӣ бархе аз ҷумҳуриҳои пешини он тағйири ном карданд. Харитаҳои нав нашр шуд, аломатҳои нави роҳ гузошта шуд ва рӯзноманигорон сари ин масъала баҳс доранд, ки ҷумҳуриҳои пешини шӯравиро чӣ гуна ном баранд.

"Дар гузоришҳоямон мо аз номҳое, ки дар китобҳои дарсии замони шӯравӣ зикр шудаанд, истифода мекунем. Бо ҷойномҳо ин мушкил камтар мушоҳида мешуд. Аммо бо номҳои кишварҳо даъвои ин ки "ҳама ҳамин гуна менависанд" бо гузашти замон заъф пайдо кард. Замоне фаро расид, ки номи нави кишварҳо на танҳо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ва расонаҳо зикр шуданд, балки ҷусторҳои интернетӣ ҳам ба номҳои нав авлавият медиҳанд", - шарҳ медиҳад муҳаррир.

Бахши қирғизии ВВС ин кишварро Қирғизистон меномад, аммо расонаҳои Русия бештари вақт Киргизияро истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG