Ссылки доступа

Рӯзноманигори рус барои гузориш дар бораи истироҳатгоҳи мансабдорон аз кор ронда шуд


Дар шаҳри Красноярски Русия рӯзноманигори телевизиони "Афонтово" Виталий Поляковро барои нашри видеое дар бораи истироҳатгоҳи раҳбарияти минтақа дар Фейсбук аз кор ихроҷ карданд. Дар ин бора худи рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Поляков наворро зери унвони "Раҳбарияти минтақа дар фасод ғӯтидааст" охирҳои моҳи декабри соли гузашта нашр карда буд. Ӯ гуфт, истироҳатгоҳи раҳбари кунунии Красноярск дар деҳаи Александровка ҷойгир аст ва ба онҷо ба воситаи чархбол меравад. Ба гуфтаи Поляков, пештар дар ин макон собиқ раҳбари минтақа Виктор Толоконский истироҳат мекард.

Рӯзноманигор мегӯяд, деҳаи ҳамсоягӣ -- Шетинкин харобу дари мактаб баста ва корхонаҳои кишоварзияш дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд.

Поляков дар суҳбат бо телевизиони "Дожд" изҳор дошт, ки раҳбарияти телевизион маҳз барои нашри навор аз вай хост, бо хоҳиши худ аз кор биравад. Вале баъди он ки рӯзноманигор рад кард, ба ӯ иҷозати наворбардориро надодаанд. Дар ниҳоят маҷбур шудааст, аз кор равад.

Мудири кулли телевизиони "Афонтово" Светлана Середа дар суҳбат бо расонаи "Сибир.Воқеият" гуфт, ки Поляков ба далели розӣ набудан бо сиёсати редаксионӣ дар асоси созишномаи дуҷониба аз кор рафт.

XS
SM
MD
LG