Маразиқов бо рамзҳои давлатӣ чунин муносибат карданро нораво медонад ва талаб дорад, ки роҳбарият ва афроди дигари даст дошта дар ин қазия ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.
Мудири осорхонаи "Сулаймон-Тоо" Адиқаим Кангелдиев гуфт, ин ҳодиса то даврони ба раисӣ таъйин шудани вай сурат гирифтааст, аз ин рӯ вай масъул нест. Ба гуфтаи мудир, ҷанҷол атрофи парчам ғаразҳои шахсии корманди пешин аст.
Парчами давлатии Қирғизистон 3 марти соли 1992 қабул шудааст. Беэҳтиромӣ нисбати рамзҳои давлатӣ дар Қирғизистон то 10 ҳазор сом (наздики 1000 сомонӣ) ҷарима ё то ду сол зиндон дар пай дорад.