Ссылки доступа

Омили камбизоатии деҳқонони тоҷикро пайдо карданд (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 17-уми январи 2018 (HD)

- Ҳоҷӣ Мирзо: "маро модарам ба роҳи дин ҳидоят кардааст". Рӯзи чоршанбе модари рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов) даргузашт. Хоҷӣ Мирзо Ибронов гуфт, модараш аз дарди қалб ранҷ мебурд ва чанд муддат дар бемористон бистарӣ буд (видео)

- Омили камбизоатии деҳқонони тоҷикро пайдо карданд. Коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки кишоварзони тоҷик ва ба вижа хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ ва истифодаи фанновариҳои замонавӣ ниёз доранд. (видео)

- Тафсилоти қасди худкушии духтари 18-сола. Як духтари 18-сола, ки аз ӯ М.Н. ном бурда мешавад, худро ба дарёи Душанбе андохта, аз ҷониби аҳолӣ наҷот дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ӯ мехост худкушӣ кунад (видео)

- Шутури сафед ба Боғи ҳайвоноти Душанбе омад. Боғи вуҳуш ё ҳайвоноти Қазоқистон ба Тоҷикистон 17 ҷонвари нодирро тақдим кардааст. Ин ҷонварон ба ивази 7 паррандаи лошахӯр ва як кенгуру аз боғи ҳайвоноти Душанбе оварда шуданд (видео)

- Зани ҳиҷобпӯш ҳам аз ӯҳдаи "кори мардона" мебарояд. Як зани урдунӣ корхонаи таъмири мошин ифтитоҳ намуда, дар муддати кӯтоҳе муштарии зиёд пайдо кардааст. Ба қавли хабарнигори Рейтерс дастоварди ин зан аз он иборат аст, ки мошинҳои занони дигарро бо сифтаи баланд таъмир мекунад (видео)

- Cокинони шаҳри "Ала-Арча" мегӯянд, ҳамсарони Келдибекова ва Кулова маъмурияти маҳаллиро ғасб кардаанд. (видео аз Директ)

- Осиё: мақомот эътироф мекунанд, ки дар Бишкек ҳавои тозае барои нафаскашӣ намондааст. Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, бонкеро, ки бо дарсадҳои паст қарз медиҳад, давлатӣ кунанд. Табибон ва экологҳо ҳушдор медиҳанд, ки ифлосии ҳавои Бишкек ба сатҳи рекордӣ расидааст. 90%-и кишоварзони Тоҷикистон бо усули куҳна аз замин истифода мебаранд. (видеои Настоящее время)

- Автобуси муҳоҷирон дар роҳ ба сӯи Русия оташ гирифт (видео)

- Таҳдиди қурбонии қаллобони манзил ба тарконидани балони газ ва худкушӣ. Сокини Алмато Дилнор Инсенова бар ивази $30 ҳазор хона харид, вале баъдан маълум гашт, ки ӯро фиреб кардаанд ва хона ба вай тааллуқ надорад. (видеои Настоящее время)

- Бе тамоку ва қалён: зиндагӣ дар Тоҷикистон дар доираи қонун. (видеои Настоящее время)

- Ботканд. Сокинон қисме аз заминашонро барои сохтмони роҳ доданд, аммо ҷубронпулӣ нагирифтанд (видео)​

- «Ҷази худкома»: Дар ИМА зидди сарояндае, ки ишғоли Қримро ҷонибдорӣ мекунад, эътироз доранд. (нигористон)

- Пули Қрим ба Украина чӣ хисорот меорад? (видео аз Директ)

- Чехҳо дар Донбасс меҷанганд: Суҳбати ихтисосии ҷангиёни чех. (видео аз Директ)

- Фаъолони белорус, ки гӯсфандро куштанд, як ва якуним сол зиндонӣ шуданд. 24 марти соли гузашта 12 рассоми ҷавон аз Белорус, Олмон ва Лаҳистон ба назди дарвозаи зиндони пешини миллатгароён омада, либоси худро кашиданд ва ба дастҳояшон завлона зада, дар назди тамошобинону муҳофизон сари барраеро аз тан ҷудо карданд. (видео Директ)

- Путин, Путин, Путин ва каме дар бораи боқимондаҳо. Телевизионҳои Русия 60 рӯз пеш аз интихобот киро намоиш медиҳанд. (видеои Настоящее время)

- Бузургтарин донишгоҳи Украина тамоми донишҷӯёнашро ҷавоб дод, то пули барқу низоми гармидиҳиро пардохт накунад. (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG