Бар пояи хабарҳои тасдиқношуда, як тани дигаре низ, ки аз ноҳияи ҳамсоя барои тилоковӣ ба Пахтачин омада буд, фавтидааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, дар шахтаи мазкур ҳудуди 50 нафар ба ҷустуҷӯи тило машғул буда, танҳо 30 тани онҳоро тавонистаанд, наҷот диҳанд.
"Ҳоло наздикони онҳо дар талоши наҷоти гумшудагонанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳатто аз ин қазия огаҳ ҳам шаванд, дахолат намекунанд. Зеро расман ягон кас ба онҳо муроҷиат накардааст", - изҳор дошт яке аз ҳамсуҳбатони мо.
Як масъули ҳукумати ноҳияи Пахтачин ин хабарро тасдиқ кард. "Дар минтақаи мо ин гуна ҳодисаҳо бисёр рух медиҳад. Вале касе ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё кормандони наҷот муроҷиат намекунад, зеро тилоковии онҳо ғайриқонунӣ аст. Ба огаҳии мо, чаҳор нафари дигари ин афрод бистарӣ шудаанд. Вазъи ду танашон вазнин арзёбӣ мешавад", - гуфт ӯ.