Дар гузаргоҳи "Достук" дар вилояти Ӯши Қирғизистон кабинаҳои изофии назоратӣ гузошта шуд. Сар аз 15 январ 10 кабина ба фаъолият шуруъ кард: 5 кабина онҳоеро, ки аз Қирғизистон хориҷ мешаванд ва 5 кабинаи дигар онҳоеро, ки вориди Қирғизистон мешаванд, тафтиш мекунад. Иқтидори фаъолияти гузаргоҳ 1,7 маротиба афзуда, дар як шабонарӯз ба бештар аз 7 ҳазор одам иҷозаи убуру мурур медиҳад.
Дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дар гузаргоҳи "Маданият" низ кабинаҳои изофии тафтишотӣ насб хоҳад шуд. Ин гузаргоҳ барои убури то 350-500 одам дар як рӯз сохта шудааст, аммо сар аз моҳи сентябри соли 2017 равуо дар гузаргоҳи мазкур афзуда, дар шабонарӯз ба 900-1000 одам расид.
Моҳи сентябри соли 2017 Ӯзбекистон монеаҳои марзиро бо Қирғизистон бардошт.