Ссылки доступа

Доналд Трамп ғолибони "ҷоизаи расонаҳои дурӯғин"-ро эълон кард

Президенти ИМА Доналд Трамп дар Твиттер ғолибони "ҷоизаҳои расонаҳои дурӯғин"-ро эълон кард. Ҷои аввалро дар ин озмун нашрияи The New York Times гирифт, ки навишта буд, иқтисоди ИМА ҳаргиз барқарор нахоҳад шуд.

Телевизиони CNN дар номгӯи расонаҳои дурӯғин чаҳор мартаба зикр шудааст. Ин телевизион, ба вижа, барои иттилоъ дар бораи он ки президенти ИМА ва писараш Доналд Трампи хурдӣ ба ҳуҷҷатҳои WikiLeaks дастрасӣ доштанд ва инчунин хабар дар бораи мулоқоти сармоядор Энтони Скарамуччи бо тоҷири рус Кирилл Дмитриев соҳиби "ҷоиза" шудааст. Хабар дар бораи мулоқоти Скарамуччи бо тоҷири рус баъди ду рӯзи нашраш аз сомонаи телевизион пок карда шуд.

Трамп бо баҳонаҳои мухталиф маҷаллаҳои TIME ва Newsweek, телевизиони ABC ва нашрияи Washington Post-ро низ бо ҷоизаи "расонаҳои дурӯғин" қадрдонӣ кардааст. Номгӯи расонаҳои дурӯғин бо хабари бофта дар мавриди эҳтимоли тавофуқи тими интихоботии Трамп бо Русия ба охир мерасад. "Тавофуқ бо Русия - ин бузургтарин афсона барои мардуми Амрико аст. Ҳеч тавофуқе набуд!" - навишт Трамп.

"Ҷоиза ба расонаҳои дурӯғин"-ро Трамп 3 январ эълон кард. Низоъи президенти ИМА бо расонаҳои демократӣ аз ибтидои маъракаи интихоботии вай дар соли 2014 идома дорад.

XS
SM
MD
LG