Ссылки доступа

Назари Трамп ба Африқо сафирони пешини ИМА-ро нигарон кардааст

Даҳҳо сафири пешини Амрико дар кишварҳои Африқо роҷеъ ба изҳори назари президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи давлатҳои ин минтақа шадидан ибрози нигаронӣ кардаанд. Дипломатҳои амрикоӣ мегӯянд, дар ҳимояти манофеи ИМА муносибати боэҳтиром нақши калидӣ дорад.

78 сафири пешин бо шумули собиқ ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Африқо Линда Томас-Гринфилд бо ирсоли як нома аз Доналд Трамп хостаанд, назарашро ба қитъае, ки иборат аз 54 кишвар асту "бойгарии табиии бесобиқа" ва равобити таърихии амиқ бо ИМА дорад, иваз кунад.

Трамп гуфт, ҳафтаи гузашта ҳангоми радди қонун дар бораи муҳоҷират давлатҳои Африқоро "кишварҳои шикоф" наномидааст. Вале иштирокдорони чорабинӣ мегӯянд, ӯ ин калимаҳоро истифода бурд.

Иттиҳоди Африқо ва чанд кишвари африқоӣ дар робита ба гуфтаҳои президенти ИМА изҳори ҳайратзадагӣ карда, онро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG