"Қазоқистон бо даст кашидан аз силоҳи ҳастаӣ ва дарёфти кафолати эмин будан аз таҷовузкории қудратҳои ҳастаӣ худ ва обрӯи байналмилалияшро тақвият бахшидааст", - гуфт Назарбоев.
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, ки дар ин ҷаласа ҳузур дошт, гуфт, даст кашидани Эрон аз созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ барои ҷомеаи байналмилалӣ "паёми нохуш" хоҳад буд.
"Мо ба хотири ҳадафҳои сиёсии баъзе аз кишварҳо наметавонем аз дастоварди воқеии дипломатияи байналмилалӣ даст кашем", - изҳор дошт Лавров дар муроҷиат ба маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп.
Лавров ҳафтаи равон дар Москва гуфта буд, ки агар созишнома бо Теҳрон бекор карда шавад, раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин барномаҳои ҳастаияшро дар ивази лағви таҳримҳо қатъ нахоҳад кард.