Ссылки доступа

Комисияи интихоботии Қирғизистон аризаи истеъфои Бабановро қабул кард


Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон аризаи даст кашидани Омурбек Бабановро аз курсии вакилӣ қабул кард. Дар ин бора муовини раиси комисия Абдижапар Бекматов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аризаи Бабанов ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ аст, ба ин далел комисия онро пазируфт. Аризаи мазкурро дар ҳоли ҳозир гуруҳи кории комисия меомӯзад ва баъди ин масъаларо аъзои комисияи интихоботӣ ба баррасӣ хоҳад гирифт.

Пештар аз ин Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон як маротиба аризаи истеъфои Бабановро рад карда буд.

Довталаби курсии президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов баъди интихоботи 15 октябр кишварашро тарк кард ва баъди он Додситонии кулли Қирғизистон нисбати вай парванда кушод. Бабанов баъдтар эълон кард, ки комилан аз сиёсат дур мешавад.

Дар интихоботи президентии 15 октябр Бабанов 33 дарсад раъй гирифта, ба рақиби асосиаш аз ҳизби ҳокими кишвараш Сооробой Ҷээнбеков рақобатро бохт. Мулоқоти Бабанов бо Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар шаҳри Алмато дар моҳи сентябри соли 2017 хашми Бишкекро ба бор оварда, Отамбоев - президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Остонаро дар дахолат ба умури дохилии кишвараш айбдор кард. Остона ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG