Ссылки доступа

Ҷоизаи духтари тоҷик дар Чехия (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 18-уми январи 2018 (HD)

- "Вақте мансабдор мегӯем, шикам пеши назар меояд". Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи мансабдорони ҳозира ва ояндаи тоҷик (видео)

- Ҷанозаи модари Ҳоҷӣ Мирзо дар Душанбе. Намози ҷанозаи модари Мирзо Ибронов, маъруф ба Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохтаи тоҷик пас аз намози пешин дар масҷиди марказии Душанбе баргузор ва сипас ӯ дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дафн карда шуд (видео)

- Ҷоизаи духтари тоҷик дар Ҷумҳурии Чех. Як тасвири Нигина Азимова, навраси тоҷик, ба намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чех роҳ ёфт ва соҳиби ҷоиза шуд. Нигина Азимова чаҳор сол дар мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, дар ин муддат, ба гуфтаи худаш, беш аз сад нигора офаридааст (видео)

- Афроде, ки дар натиҷаи оташ гирифтани автобус осеб диданд, ба беморхона интиқол дода шуданд. 18 январ дар шоҳрои Оқтеппа автобуси мусофирбаре оташ гирифта, дар натиҷаи он 52 шаҳрванди Ӯзбекистон ҷон бохтанд ва панҷ тани дигар осеб диданд. (видео аз Директ)

- Ба ҷойи бурқа чакану атлас? Фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ дар Афғонистон. Дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Дӯкони фурӯши либосҳои миллии тоҷикиро Аёмиддин Мирҳиҷириён, як тоҷири афғонистонӣ ду моҳи пеш таъсис дод. (видео)

- Осиё: роҳи марговари муҳоҷирони ӯзбек. Дар шоҳроҳи Чимкент - Самара автобуси муҳоҷирон оташ гирифта, 52 кас ҷон доданд. Дар Тоҷикистон ба фарзандоне, ки волидони пиронсоли худро нигоҳ намекунанд, то се соли зиндон таҳдид мекунад. Тамрини сахти варзишгарони қирғиз. (видео)

- Роҳи нотамоми 52 муҳоҷири озими Русия. Дар сӯхтори мусофирбари навъи “Икарус” дар ҳудуди Қазоқистон 52 муҳоҷир ҷон бохтанд. Бино ба тафтишоти муқаддамотӣ, онҳо шаҳрвандони Узбекистон буда, ба самти Русия ҳаракат мекарданд. (видео)

- Бошгоҳҳои лижаронии Қирғизистон интизори меҳмонҳои хориҷӣ ҳастанд. (видео)

- Амрико нерӯҳояшро аз Сурия берун кашиданӣ нест. (видео)

- Ояндаи офтобии Чернобил (нигористон)

- Варзишгарони Иркутск баъди омадани комисияи зидди доруҳои нирӯфизо дастаҷамъона бемор шуданд. (видеои Настоящее время)

- Бинокорон маош талаб доранд. Як гуруҳи бинокорон дар Петропавловск мегӯянд, наметавонанд маоши беш аз ду моҳаи худро аз корфармои пешинашон бигиранд. Раҳбарияти ширкат аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунад. (видео аз Директ)

- 10 рӯз ҳабс барои нашри видеое дар соли 2012. Додгоҳи ноҳияи Кировскийи Қрим, ки аз сӯи Кремл идора мешавад, фаъоли маданӣ Гирай Куламетовро барои "нашри видео дар соли 2012" ҳабс кард. Сокинони маҳаллӣ барои дастгирии ӯ ба назди бинои додгоҳ омаданд. (видео аз Директ)

- Таҳдиди қурбонии қаллобони манзил ба тарконидани балони газ ва худкушӣ. Сокини Алмато Дилнор Инсенова бар ивази $30 ҳазор хона харид, вале баъдан маълум гашт, ки ӯро фиреб кардаанд ва хона ба вай тааллуқ надорад. (видеои Настоящее время)​

- Афтидани ҷирми осмониро дар Мичиган ба навор гирифтанд (видео)

- Бе тамоку ва қалён: зиндагӣ дар Тоҷикистон дар доираи қонун. (видеои Настоящее время)​

- Ботканд. Сокинон қисме аз заминашонро барои сохтмони роҳ доданд, аммо ҷубронпулӣ нагирифтанд (видео)​

- Ку имзо кун! Ситодҳои интихоботии Владимир Путин ва Григорий Явлинский эълом карданд, ки имзои лозимиро барои сабти номи номзади худ ҷамъоварӣ карданд. (видео аз Директ)

- Бо занҷир басташуда. Волидоне, ки фарзандонашонро гаравгон гирифта буданд, боздошт шуданд (видеои Настоящее время)​

- Радаи Украина қонун дар бораи "ҳудуди ғасбшуда"-и Донбассро қабул кард(видео аз Директ)​

- Бузургтарин донишгоҳи Украина тамоми донишҷӯёнашро ҷавоб дод, то пули барқу низоми гармидиҳиро пардохт накунад. (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG