"Фоҷиаи мазкур баёнгари он аст, ки мо назди мардум қарзи зиёд дорем. Шаҳрвандон маҷбуранд, дар кишварҳои дигар кор биҷӯянд, зеро мо барояшон шароити корӣ фароҳам наовардаем", - гуфт вай.
Автобуси ҳомили муҳоҷирони ӯзбек 18 январ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент оташ гирифт. Дар ин автобус бо шумули ронандагон 57 одам ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо кушта шуданд. Ҳамаи кушташудаҳо сокинони вилояти Намангони Ӯзбекистон буданд.
Ҳукумати Ӯзбекистон ҳамроҳ бо ҳукумати Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур комисияи муштарак таъсис доданд. Калонсолтарини кушташудаҳо 41 ва хурдтаринашон 19 сол дошт. Бо қарори вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҷасади кушташудаҳо 20 январ бо ҳавопаймои махсус ба шаҳри Тошканд интиқол дода шуд.
20 январ муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон ва фаъолони шаҳрвандӣ назди сафорати кишварашон дар Русия гирд омада, аз Тошканди расмӣ хостанд, 20 январро рӯзи мотами миллӣ эълон кунад.
Муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев гуфт, сабаби оташ гирифтани автобус, эҳтимолан, муносибати бепарвоёна ба манбаи оташ буд.