Ссылки доступа

Фаронса роҷеъ ба амалиёти Туркия ҷаласаи изтирории Шӯрои амниятро даъват дорад

Фаронса талаб дорад, ки дар робита ба вазъи Сурия ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ баргузор карда шавад. Дар ин бора вазири умури хориҷии он кишвар Жан-Ив Ле Дриан дар Твиттер хабар дод. Ин возеҳтарин вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ ба амалиёти низомии Туркия дар минтақаи курднишини Сурия аст.

Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Туркия рӯзи шанбе хабар дод, ки дар минтақаи Африн, наздикии марзи Сурия бо ин кишвар амалиётеро зидди гуруҳҳои курд оғоз кардааст. Сарвазири Туркия Бинолӣ Йилдирим 21 январ оғизи амалиётро бо иштироки техника ва ҳавопаймоҳои низомӣ тасдиқ кард.

Туркия бо вуҷуди ҳушдорҳои ИМА, ки амалкарди он метавонад вазъро нооромтар кунад, даст ба ин иқдом зад. Ба иттилои хабаргузории расмии Анадолуи Туркия, аз амалиёти низомии "Шохаи зайтун" зидди "Гуруҳи дифои мардумӣ"-и курд гуруҳи мухолифи "Артиши озоди Сурия"-и низ ҷонибдорӣ мекунад.

Туркия пулисҳои курдро ба доштани равобит бо Ҳизби мамнуи коргарони Курдистон айбдор мекунад. Ҳизби коргарони Курдистон дар Туркия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом карда шудааст.

XS
SM
MD
LG