Ссылки доступа

Дар ҳамлаи Кобул шаҳрвандони Қазоқистону Украина ҳам ҷон бохтаанд

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамла ба меҳмонхонаи "Интерконтинентал"-и шаҳри Кобул 19 одам, аз ҷумла 14 шаҳрванди хориҷӣ кушта шудаанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ануар Жайнаков гуфт, дар ин ҳодиса шаҳрванди 39-солаи ин кишвар ҳам ҷон бохт. Ба огаҳии пулиси Кобул, шахсияти 9 украини кушташуда ҳам муайян шудааст, ки бештарашон кормандони ширкати ҳавопаймоии "Kam Air"-и Афғонистонанд.

Телевизиони "TOLO news"-и Афғонистон бо истинод ба манобеи худ мегӯяд, шумори қурбониёни ҳамла ба меҳмонсаро метавонад аз 19 кас бештар бошад.

Масъулияти ҳамла ба "Интерконтинентал"-ро, ки дар он конфронси байналмилалӣ оид ба технологияҳои нави иттилоотӣ ва тӯйи арӯсие ҷараён дошт, ҳаракати даҳшатафкани Толибон ба зимма гирифт. Ҷангиён ба воситаи ошхона вориди тарабхонаи меҳмонсаро шуда, ба сӯи муштариён оташ кушодаанд.

ВКД Афғонистон субҳи рӯзи якшанбе хабар дод, ки амалиёти махсуси онҳо барои озодсозии меҳмонсаро ба поён расида, тавонистанд,беш аз 150 нафар, аз ҷумла 40 хориҷиро наҷот диҳанд. Вазорат гуфт, дасти кам се ҳамлагарро маҳв карданд.

"Интерконтинентал" яке аз меҳмонсароҳои давлатии Кобул аст, ки дар он бештар хориҷиён меистанд. Он дар минтақаи куҳии шаҳр қарор дошта, аз соли 1969 ба ин сӯ фаъолият мекунад. Толибон моҳи январи соли 2011 ба ин меҳмонсаро ҳамла карда буд. Он замон 21 одам бо шумули 9 ҳамлагар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG