"Гуфтугӯҳои Украинаро мешавад ҳатто дар Антарктида баргузор кард, агар бовар дошта бошем, ки натиҷае ба бор меоварад", - гуфт Макей.
Дар ҳамин ҳол, дар изҳороти Кремл омадааст, садоқат ба созишномаи Минск, ки соли 2015 ҳосил шуд, муҳимтар аз макони баргузории гуфтугӯҳои нави Украина аст.
Изҳороти Минск ва Москва баъди он садо доданд, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, гуфтугӯҳои сулҳи Украина ба кӯчаи сарбаста ворид шудааст ва вай пешниҳод дорад, ки даври нави гуфтугӯҳо дар Қазоқистон баргузор шавад. Назарбоев дар ҷараёни сафараш ба ИМА гуфт, мавзуи Украина дар суҳбати вай бо Доналд Трамп, президенти ИМА баррасӣ шудааст. Назарбоев афзуд, Трамп пешинҳод кардааст, ки гуфтугӯҳои сулҳи Украина ба кишвари дигар интиқол дода шавад.
Дар Минск чанд даври музокироти Украина баргузор ва роҳҳои ҳалли низоъ дар ин кишвар, баррасӣ шуд. Дар Украина сар аз баҳори соли 2014, замони шуруъи низоъ миёни ҷудоихоҳони рӯ ба Русия ва мақомоти Украина, то кунун бештар аз 10 ҳазор одам кушта шудааст.