Ссылки доступа

Дар Қирғизистон садамаи мошини сӯзишворӣ боиси ҳалокати 7 тонна моҳӣ шуд

Дар ноҳияи Тоқтогули Қирғизистон мошини сӯзишворие ба рӯдхонаи Чичкан афтида, ба ҳалокати моҳиҳое сабабгор шудааст, ки дар поёноби он парвариш мешуданд. Дар ин бора раиси ноҳия Майорбек Стамкулов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Стамкулов, мутахассисон дар ҳоли ҳозир ҳаҷми хисоротро муайян мекунанд. Бино ба баъзе арзёбиҳо, 7 тонна моҳӣ ҳалок шудааст.

Шаби 21 ба 22 январ дар 264-километрии шоҳроҳи Бишкек-Ӯш мошини сӯзишворӣ ба рӯдхона сарозер шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса як одам ҷон бохта, ду тани дигар осеб диданд. Ба огаҳии хадамоти ҳолатҳои фавқулодда, мошини мазкур 38 тонна сӯзишвориро интиқол медод.

XS
SM
MD
LG