Ссылки доступа

Омбудсмени тоҷик: На ҳамаи латтукӯбу муносибати бераҳмона шиканҷа аст (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 22-уми январи 2018 (HD)

- Омбудсмени тоҷик: На ҳамаи латтукӯбу муносибати бераҳмона шиканҷа аст. Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, алайҳи се корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои истифодаи шиканҷа парванда ҷиноятӣ боз шудааст. (видео)

- Як моҳӣ дар Хатлон як миллион моҳича медиҳад. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Хатлон чандин хоҷагии моҳипарварӣ вуҷуд дорад, ки солона садҳо тонна моҳӣ ба бозор мебароранд. Аммо ҳоло ба мушкилот гирифтор шудаанд.(видео)

- Ҷуфтҳои хушбахти гирифтори ВИЧ. Нозанинро чанд соли пеш шавҳари муҳоҷираш ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) олуда карду танҳо гузошт. Нозанини 40-солаи бемор яккаву танҳо монд. Вале дигарбора издивоҷ кард ва ҳоло аз рӯзи издивоҷи дуборааш бо ханда қисса мекунад. Издивоҷе, ки бидуни ягон омодагӣ дар ҷойи кору бо ҷавоне аз худаш 10 сол хурд сурат гирифт (видео аз Директ)

- Пас аз боздошти Нурализода. Вазорат дар ҳама утоқҳояш "камера" гузошт. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамаи утоқҳои кории ин вазоратхонаро бо таҷҳизоти сабткунандаи видеоӣ ва садоӣ муҷаҳҳаз карда, аз ин роҳ мехоҳад аз фасодкорӣ дар фаъолияти кормандонаш ҷилавгирӣ кунад (видео)

- Осиё: қасоси "толибон" ва иштибоҳи Ӯзбекистон. Остона мегӯяд, ҳамла ба меҳмонсарои Кобул метавонад посух ба мавқеи Қазоқистон дар Шӯрои амнияти СММ бошад. Президенти Ӯзбекистон эътироф кард, ки дар ҳалокати муҳоҷирони кишвараш қисман ҳукумати ӯ ҳам айбдор аст. Фаъолони мадании Алмато ба кӯдакони гирифтор ба бемории аутизм яхмолакбозиро меомӯзонанд. (видеои Настоящее время)

- Қазоқистон бовар дорад, ки роҳи нави абрешимро эҳё мекунад. (видео)

- Мотами Намангон барои муҳоҷирони ҳалокшуда дар Қазоқистон. (нигористон)

- Бодканд. Имоме, ки ба омӯзиш ва варзиш даъват мекунад. (видео)

- Ду даҳсола дар ҷустуҷӯи ғори қадимӣ. Хонаводае, ки дар ғори сари роҳи мошингарди байни Бозор-Қурғон ва Арстанбоб истиқомат дорад, намехоҳад аз ин ғор ба макони дигар бикӯчад (видео аз Директ)​

- Бота Ҷардемалӣ дар бораи парвандаи бародараш: айбҳо сохтаанд. Бота Ҷардемалии муқими Аврупо ва хоҳари соҳибкори гумонбари қазоқ Искандар Еримбетов мегӯяд, айбҳои зидди бародараш эъломшуда сохтаанд. Ба гуфтаи ӯ, Еримбетов, ки дар "шустушӯ"-и пулҳои Бонки БТА айбдор аст, ҳеч гоҳ аз он бонк пул нагирифтааст. (видео)

- Ҷолибтарин аксҳои ҳафтаи Қрим (нигористон)

- Аалӣ Карашев дар бораи худмухтории порлумон ва кори ҳукумат. Вакили порлумони Қирғизистон аз ҷиноҳи ҲСДҚ Аалӣ Карашев дар суҳбат бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи мустақилияти намояндагони мардумӣ, эҳтимоли парокандашавии порлумон ва интизориҳо аз ҳукумати Сафар Исҳоқов гуфт. (видео)

- Додгоҳ бунёдеро, ки маъракаҳои Навалнийро таъмин мекард, барҳам дод. (видеои Настоящее время)​

- "Курдҳо ҳамаро мефурӯшанд". Чаро дувумин артиши НАТО аз нигоҳи шумора ба муборизони зидди ДИ ҳамла мекунад? (видеои Настоящее время)​

- Дар Ҳолливуд рассомони рус Осорхонаи фиребо таъсис доданд (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG