Ба огаҳии хадамоти матбуотии сарвазир, Сагинтаев ҳамчунин аз ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон хостааст, ки дар рӯзҳои сарду барфӣ дар шоҳроҳҳои кишвараш навбатдории гуруҳҳои наҷотро бо ширкати кормандони "Ёрии таъҷилӣ" ба роҳ монанд.
"Тамоми хадамот дар сардтарин давраи зимистон бояд бодиққат ва ботартиб ба роҳ монда шавад", - изҳор дошт ӯ.
Ҳаво дар вилоятҳои шимолу шарқии Қазоқистон аз ҳафтаи гузашта ба ин тараф хеле сард буда, ба гуфтаи ҳавошиносон, чунин вазъ чанд шабонарӯзи дигар идома хоҳад ёфт. Дар мактабҳои баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон таътил эълом шудааст. Мақомот хабар доданд, ки шаби 22 январ даҳҳо мусофири автобусҳои дармондаро дар шоҳроҳи вилояти Оқмулло наҷот доданд.
Ёдрас мешавем, 18 январ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон автобуси мусофирбар оташ гирифт. Дар ин автобус бо шумули ронандагон 57 одам ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо ҷон бохтанд. Аксари ҳалокшудаҳо сокинони вилояти Намангони Ӯзбекистон буданд.