Наздикони муҳоҷиронеро, ки ба эҳтимоли зиёд дар дохили автобуси оташгирифта буданд, барои ташхиси ДНК ба шаҳри Тошканд даъват мекунанд.
Аммо бархе аз пайвандони онҳое, ки дар рӯйхати афроди оташгирифта шомил ҳастанд, марги наздиконашонро инкор мекунанд. Барои мисол дар рӯйхати кушташудаҳо номи сокини Тошканд Умарҷон Муҳиддинҷон низ ҳаст. Яке аз пайвандони Умарҷон мегӯяд: "Мо ин рӯйхатро дидем. Аммо бовар надорем, ки вай мурда бошад. Ин хел нанависед. Ин иттилои ғалат аст", - мегӯяд вай.
Дар ҳамин ҳол, Бунёди байналхалқии "Умед ва зиндагӣ" дави хайриявиро, ки бо ҳадафи кумаки моддӣ ба наздикони кушташудаҳо эълон карда буд, бекор кард.
Аммо як гуруҳ шаҳрвандони фаъоли Ӯзбекистон наздики 7,5 ҳазор доллар ҷамъ оварда, мехоҳанд ба наздикони кушташудаҳо бирасонанд.
18 январ дар шоҳроҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон автобуси ҳомили муҳоҷирони ӯзбек оташ гирифт. Дар ин автобус 57 одам ҳузур дошт, ки аз ин шумор 52 тан кушта шуданд.