Ба иттилои пулис, ҳангоми оташ гирифтани автобус дар дохили он ду мусофир ва ронанда ҳузур доштан, ки ҳеч кадоме аз онҳо зарар надидааст. Одамон то замони авҷ гирифтани оташ автобусро тарк карданд.
Бахши ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Чимкент мегӯяд, оташи автобус баъди ҳозир шудани хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд.
Ба иттилои пулис, лаҳзаи оташ гирифтани автобус дар камераҳои назоратӣ сабт шудааст.