Кормандони мақомот мегӯянд, фармон аз болост, ки бояд хизматрасониҳои коммуналӣ пешпардохт шаванд.
Кормандони таъмини газ, хадамоти зидди сӯхтор, барқ, инчунин обрасонӣ аз сокинон талаб доранд, ки ҳаққи истифодаи ин хизматрасониҳоро барои соли 2018 пешпардохт кунанд.
"Касе ба вазъи шумо ва шикоятҳоятон таваҷҷуҳ намекунад. Агар пардохт накунед, ҷарима мекунанд", - мегӯяд як сокини вилояти Дашоғус.
Охири соли 2017 дар Туркманистон ҳамаи имтиёзҳои иҷтимоӣ якбора бекор шуданд. Давоми 25-соли охир сокинони Туркманистон аз газ, об ва барқи ройгон истифода мебурданд. Ҳамчунин аз 1 ноябри соли 2017 арзиши хизматрасониҳои коммуналӣ дар Туркманистон боло рафт.