Додгоҳи минтақавии Амстердам 23 январ дархости Бунёди миллии Қазоқистонро барои бекор кардани қарори ҳабси дороиҳояш дар бонки "New York Mellon" қонеъ кардааст. "Додгоҳ аз мавқеи бунёд ҷонибдорӣ карда, дороиҳои онро дахлнопазир номид", - омадааст дар иттилоияи Вазорати адлияи Қазоқистон.
Барои ҳабси дороиҳои Бунёди миллии Қазоқистон додгоҳи Белгия ҳам қарори ҳамсонеро содир карда буд. "Омодагиҳо барои шикоят аз болои он низ идома доранд", - афзудааст манбаъ.
"New York Mellon" дар пайи як баҳси ҳуқуқии Остона бо сармоягузори молдовӣ Анатол Статӣ дороиҳои бунёди Қазоқистонро ҳабс кард. Статӣ ва ширкатҳои ӯ, ки дар бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ кардаанд, мегӯянд, қурбони таъқибҳои ҳукумати ин кишвар ва президент Нурсултон Назарбоев шудаанд. Ӯ мегӯяд, таҳти фишор маҷбур будааст, дороиҳои худро бо нархи арзон фурӯшад.
Вазорати адлияи Қазоқистон мегӯяд, додгоҳ ҳамчунин соҳибкор Статиро вазифадор кард, ки хароҷоти баҳсҳои додгоҳиро ба ҷониби Остона пардозад.