- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 23-уми январи 2018 (HD)
- Ҳашари бачаҳои Нуробод барои амнияти ҳаракат. Дар ноҳияи Нуробод гурӯҳе аз сокинони деҳаи Гарданга бо эълони ҳашар ба ҳамвор кардани роҳи асосӣ ба самти деҳа шурӯъ карданд. Ҷавонони деҳ видеоеро аз ҷараёни кори худ дар деҳа сабт карда ва ба Радиои Озодӣ фиристоданд (видео аз Директ)
- Театри як тамошобин? Овезаҳое назди театрҳои Душанбе пур аз эълони намоишҳои саҳнавӣ барои ду моҳи оянда ҳастанд. Намоишҳои cолинавӣ барои тамошобинони хурдсол анҷом ёфтаанд ва намоишҳо ҷиддитар барои калонсолон дар навбатанд. Аммо онҳо барои кӣ ҳастанд? Кай ин толорҳо дубора аз тамошобин пур мешаванд? (видео)
- Як моҳӣ дар Хатлон як миллион моҳича медиҳад. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Хатлон чандин хоҷагии моҳипарварӣ вуҷуд дорад, ки солона садҳо тонна моҳӣ ба бозор мебароранд. Аммо ҳоло ба мушкилот гирифтор шудаанд (видео аз Директ)
- "Бима (страховка)-ро талаб намекунем, чунки бовар надорем". Соҳибони баъзе аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гирифтани маблағи ҷубронпулӣ аз ширкатҳои бима баъд аз рух додани садама кори мушкил аст (видео)
- "Тоҷиксуғурта" мехоҳад, ширкати саҳомӣ шавад. Дар гузашта дар Тоҷикистон танҳо ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” ҳаққи бимаи мошинҳоро дошт. Ҳоло миқдори ин ширкатҳо аз 20 адад гузаштааст. Бо ин вуҷуд, соҳибони худравҳо мегӯянд, ки дар сурати садама ё ҳодисаҳои дигар бо мушкил метавонанд аз ширкатҳои бима ҷубронпулӣ бигиранд (видео)
- Сокинони Шаҳритус даъво накарданд, касе ҳам танбеҳ нагирифт. Додситони вилояти Хатлон гуфт, барои осеб дидани се хона аз тири нерӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ касеро танбеҳ надоданд ва ё ба ҷавобгарӣ накашиданд. Маҳмуд Насруллозода дар бораи ин ҳодиса дар охири соли 2017 дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа сӯҳбат кард (видео)
- Қӯрғонтеппа Бохтар шуд. Сокинон чӣ мегӯянд? Бархе аз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки аз табдили номи маркази вилояти Хатлон ба Бохтар огоҳ нестанд ва касе ҳам назари онҳоро дар ин бора напурсидааст (видео)
- Осиё: гандум ба ҷои беморхона. Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, бо пули Бунёди иҷтимоӣ гандум харанд. Дар Қирғизистон садҳо кӯдак маҷбуранд, кор кунанд. Қурби 1 доллари амрикоӣ дар "бозори сиёҳ"-и Туркманистон ба 12 манат расид. (видеои Настоящее время)
- Шикори таҷовузгар ва қотили кӯдакон. Таҷовуз ва қатли даҳҳо кӯдак аз тарафи як қотил мардуми шаҳри Панҷоби Покистонро ба ваҳшат андохт ва суолро барангехт, ки чӣ гуна кӯдакони осебпазир дар кишварро метавонанд муҳофизат кунанд. (видео)
- Ҷасадҳои ДОИШ-иён рӯзгори мардуми Мавсилро талх кардааст. Садҳо ҷасади бесоҳибу паҳну парешон зиндагии мардуми Мавсили Ироқро талх кардааст. Бӯйи ғализи мурдаҳо дар кӯчаҳо намегузорад мардум ба хонаҳояшон баргарданд. Дар байни онҳо мумкин аст, ҷангҷӯёни тоҷик ҳам бошанд. (видео)
- Яманиҳо бекориву камбуди ғизоро бо истеъмоли қот (тамоку) ҷуброн мекунанд. Яманиҳо бекориву камбуди ғизоро бо истеъмоли қот(тамоку) ҷуброн мекунанд. Дар шароити таҳрими иқтисодӣ шуморе аз яманиҳо вазъи ногуворро аз ҳисоби истеъмоли барги мадҳушкунанда сипарӣ мекунанд ва тавлиди он рӯ ба афзоиш будааст. (видео)
- Пинҳон мешаванд ва синнашонро дуруғ мегӯянд: дар Қирғизистон ҳар чорумин кӯдак маҷбур аст, барои кумак ба хонавода кор кунад. (видеои Настоящее время)
- Қонунисозии мошинҳои дуздӣ дар Қирғизистон (видео аз Директ)
- "Онҳоро гирифтанду иваз накарданд": озодшудаҳо аз асорати ҷудоихоҳон дар бораи асирони боқӣ. Украинҳое, ки охири моҳи декабр дар натиҷаи табодули асирон аз дасти ҷудоихоҳон озод шуданд, мегӯянд, бархе шарикони онҳо дар маҳбасҳои "ҶМД" ва "ҶМЛ" ҳанӯз ҳам ҳастанд. (видеои Настоящее время)
- Устюгов, Шипулин ва Виктор Ан. ба Олимпиада намераванд. Қарори КБО-ро "баҳсбарангез" меноманд. (видеои Настоящее время)
- Чаро Собчак ва Навалний барои ҷои дувум баъд аз Путин талош доранд? Ба гуфтаи сиёсатшинос Александр Баунов, иваз кардани Путин "ғайривоқеӣ" аст, вале мухолифон барои эътирофи Ғарб ва "қонунӣ гардонидани тағйири қудрат дар оянда" талош доранд. (видео аз Директ)
- Раҳбари Идораи марказии иктишофӣ дар бораи вазифаҳои ниҳоди зери раҳбарияш дар шароити нав. Майк Помпео: "Мо бо русҳо дар ҳар куҷо рӯбарӯ шавем, бояд муқобилият нишон диҳем". (видео аз Директ)
- Дар Давос форуми иқтисодӣ оғоз шуд. Ҳамоиши эътирозиро ба далели резиши барф манъ карданд. (видео аз Директ)
- Чи гуна ва чаро дар Русия намоиши филми "Марги Сталин"-ро манъ карданд. (видео Настоящее время)