Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон вазъи ҳамаи автобусҳо санҷида мешавад

Хадамоти давлатии назорати бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва Раёсати зидди сӯхтори Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон аз 1 феврал якҷоя вазъи техникии воситаҳои нақлиёти ин кишвар, аз ҷумла автобусҳоро, ки бо интиқоли мусофирон ба хориҷ машғуланд, месанҷанд.

Барои таъмини амнияти шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳангоми сафар ба хориҷ ба воситаи роҳҳои заминӣ ба раҳбарии муовини аввали сарвазири ин кишвар Очилбой Раматов комисияи махсусе таъсис ёфтааст.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон автобусе оташ гирифт, ки дар дохили он бо шумули ронандагон 57 кас ҳузур доштанд. Ба иттилои Тошканд, дар натиҷаи ин ҳодиса 52 мусофир - сокинони вилояти Намангони Ӯзбекистон ҷон бохтанд. 23 январ онҳоро дар зодгоҳашон дафн карданд.

Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, автобус ба далели доштани нуқси техникӣ, риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, бор кардани вазни аз ҳад зиёд ва корношоям будани таҷҳизоти зидди сӯхтор оташ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG